Кай намози ту қабул ? - Хирадманд бош! | Kay namozi tu kabul ? - Khiradmand bosh !

0 Просмотры
Издатель
#Хирадмандбош #Таджикистан
✔️Instagram :
https://www.instagram.com/khiradmand_bosh/
✔️ГУРУҲ ДАР OK
https://ok.ru/group/59455476727852
✔️ГУРУҲ ДАР ВК
https://vk.com/khiradmandbosh

➡️???? Likecoin – криптовалюта за лайки: https://likecoin.pro/@yovon96/eeb4/mcs9


Кай намози ту қабул?!

Чашми модар чор бошад,кай намози ту қабул,
Ташнаи дидор бошад,кай намози ту қабул?!
Аз бародар бехабар,боре напурсӣ додарат,
Дил кароҳатбор* бошад,кай намози ту қабул?!
Силаи раҳмаст ,раҳме кун ба фарзанди падар,
Хоҳарат бемор бошад ,кай намози ту қабул?!
Ҳаққи касро мехурӣ,тарсе надорӣ аз Худо,
Нафси ту саршор бошад,кай намози ту қабул?!
Ғайбати кас мекунӣ,бепарда дил мебишканӣ,
Аз ту як озор бошад,кай намози ту қабул?!
Саҷда кун бо хотири Аллоҳ дар роҳи ризо,
Миннатат бисëр бошад,кай намози ту қабул?!
Рав,дари ғайбат бубанду ҳеҷ гумони бад макун,
Ғайбате изҳор бошад ,кай намози ту қабул?!
Рав,ризои Ҳақ талаб ноҳақмагӯ,ноҳақ макун
Ҳақ зи ту безор бошад ,кай намози ту қабул?!
Дар ҷавоби некии некон бадӣ асло макун,
Дар ту феъли мор бошад,кай намози ту қабул?!
Ҳар чӣ мегӯӣ,Дилафгоро амал кун,пас бигӯй,
Беамал гуфтор бошад,кай намози ту қабул?!

Ф. Д.

* кароҳат - дилнокаши, нафрат.
Категория
Криптовалюта
Комментариев нет.